ISSN: 2790-7198
ASIA AND EUROPE
INSTITUTE OF STUDYING OF THE PROBLEMS OF ASIAN AND EUROPEAN COUNTRIES NAST
Journal Description
Нашрияи илмии «Осиё ва Аврупо»-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм нашр мегарданд. Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳои илмӣ ва тақризҳо ташкил медиҳанд. Маҷалла дар як сол чаҳор маротиба нашр мегардад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумораи он ба табъ мерасад. Номгӯ ва мавзӯоти фарогири маҷалла бо самтҳои илмӣ ва гурӯҳи тахассусҳои кормандони илмӣ мувофиқ буда, бо феҳрасти (Номенклатураи) тахассусҳои илмие, ки аз рӯи он дарёфти дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад ва аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021, №7 тасдиқ карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Review Status
HAC RT