ISSN: 2790-7198
ОСИЁ ВА АВРУПО
ИНСТИТУТИ ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПОИ АМИТ
Тавсифи маҷалла
Нашрияи илмии «Осиё ва Аврупо»-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷаллаи академӣ буда, дар он натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ аз рӯйи самти омода кардани докторони фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзадҳои илм ва докторҳои илм нашр мегарданд. Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ, фишурдаҳои илмӣ ва тақризҳо ташкил медиҳанд. Маҷалла дар як сол чаҳор маротиба нашр мегардад ва дар ду сол на камтар аз 8 шумораи он ба табъ мерасад. Номгӯ ва мавзӯоти фарогири маҷалла бо самтҳои илмӣ ва гурӯҳи тахассусҳои кормандони илмӣ мувофиқ буда, бо феҳрасти (Номенклатураи) тахассусҳои илмие, ки аз рӯи он дарёфти дараҷаҳои илмӣ сурат мегирад ва аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021, №7 тасдиқ карда шудааст, мутобиқат менамояд.
Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда дохил мешавад
КОА ҶТ
Маълумот дар бораи маҷалла
Шохисҳои илмӣ
Бойгонии маҷалла
Гузариш
rustamhaydarov.tjk@gmail.com
(+992 37) 221 05 72