ISSN: 2789-0953
ЗАХИРАҲОИ ОБ, ЭНЕРГЕТИКА ВА ЭКОЛОГИЯ
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тавсифи маҷалла
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2024, №239/м Маҷаллаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» ба Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Бо мақсади татбиқи амалӣ, таҳлилу баррасии мавзуъҳои дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об, иқлим ва экология тадқиқшаванда ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инъикоси натиҷаҳои илмии ходимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони муҳаққиқони дигар идораву муассисаҳо, муаллифони мустақил ва инчунин, ҷиҳати тақвияти ҳамориҳо бо олимони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики хориҷи наздик соли 2005 Маҷаллаи минтақавии илмии «Захираҳои обии Осиёи Марказӣ» таъсис ва интишор ёфт. Вале, пас аз муддате маҷалла аз нашр боз монд. Дар заминаи нашрияи мазкур Институт ибтидои соли 2021 маҷаллаи комилан ҷадид – Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-ро таъсис дода, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№191-МҶ-97) ба қайд гирифт. Маҷаллаи мазкур аз се бахш – захираҳои обӣ, энергетика ва экология иборат буда, дар он натиҷаи нави корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расонида мешаванд. Маҷаллаи илмии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология» ягона нашрияи байнисоҳавӣ дар ин самт буда, бо даврияти дар як сол чаҳор шумора ба нашр мерасад. Эътимоднокии маводҳои дар маҷалла банашрасида ба зиммаи муаллиф (муаллифон) гузошта мешавад.

Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшаванда дохил мешавад
КОА ҶТ